Июн 20, 2022 10:24 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми таъйини раиси вилояти Бадахшонро имзо кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳукме раиси вилояти Бадахшонро таъйин кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Алишер Мирзонабот, ки аз ноябри соли 2021 ба унвони сарпарасти вилояти Бадахшон фаъолият мекард, акнун раёсати ин минтақаро бар уҳда гирифт.

Вай мутаваллиди ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ва донишомӯхтаи Донишкадаи амнияти миллии Қазоқистон аст.

Фармондеҳи посгоҳи марзбонӣ, муовини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Хоруғ, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон аз масъулиятҳои Мирзонабот будааст.