Эъзоми нахустин гуруҳи зоирони Тоҷикистон ба сарзамини ваҳй
(last modified Mon, 20 Jun 2022 14:43:10 GMT )
Июн 20, 2022 19:43 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми нахустин гуруҳи зоирони Тоҷикистон ба сарзамини ваҳй
    Эъзоми нахустин гуруҳи зоирони Тоҷикистон ба сарзамини ваҳй

Нахстин гуруҳи зоирони тоҷикистонӣ барои анҷоми маносики ҳаҷ озими сарзамин ваҳй шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Тоҷикистон, нахустин гуруҳи зоирони Тоҷикистон рузи 20 июн барои анҷоми маносики ҳаҷ озими Арабистони Саъудӣ шуданд.

Афшини Муқим, сухангӯи кумитаи давлатии танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, ки дар маросими гусели зоирон Сулаймон Давлатзода, раиси ин кумита ва Валид Абдураҳмон Арошидин, сафири Арабистони Саъудӣ дар Душанбе ширкат карданд.

Раиси кумитаи давлатии танзими ҷашну марсими Тоҷикистон аз зоирони Тоҷикистон дархост кард, ки ҳангоми анҷоми маносики ҳаҷ тавсияҳои беҳдошти барои пешгири аз гирифтор шудан ба бемории Ковид-19ро муроъот кунанд, сафири Арабистони Саъудӣ дар Душанбе низ бо табрики фаро раси аёми маносики ҳаҷ барои зоирони тоҷик орзуи саломати кард.

Дар соли 2019 беш аз 6 ҳазор нафар аз Тоҷикистон маносики ҳаҷи воҷибро анҷом доданд, ки имсол ин саҳмия 50 дарсад коҳиш ёфта аст.

Бар асоси муқарароти кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон танҳо афроди 40 то 65 сол, ки воксани корона дарёфт карданд метавонанд ба сафари ҳаҷ раванд.