Июн 21, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии куштигири тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
    Ноибқаҳрамонии куштигири тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Куштигири тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии навҷавонони Осиё ба нишони нуқра даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дувумин рақобатҳои куштифарангии навҷавонони зери 17 сол қаҳрамонии Осиё, ки дар Бишкеки Қирғизистон идома дорад Сунат Абдулоев варзишкори тоҷик дар вазни 65 килограм ба мақоми дуву даст ёфт.

Сунат Абдулоев дар марҳалаи муқадимоти Кокиру Сокоӣ аз Ҷопонро шикаст дод дар марҳалаи якчоруми ниҳоӣ дар баробари Кокобой Кокобоев аз Туркманистон пируз шуд ва дар нимаи ниҳоӣ бо шикасти Тиёнг Кунг аз Кореаи Ҷануби ба финал роҳ ёфт.

Аммо дар финал ба варзишкори кишвари мизбон Кутмон Тамирбеков бохт ва ноибқаҳрамон шуд.

Дар ин рақобатҳо Ҳусейн Ҳасанов дигар варзишкори тоҷик дар вазни 60 килограм ба нишони биринҷ даст ёфт.