Июн 21, 2022 18:19 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии Душанбе ва Теҳрон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба
    Алоқамандии Душанбе ва Теҳрон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба

Дар дидори вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо муъовини амнияти ва интизомии вазири кишвари Эрон, таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳкими густариши ҳамкориҳои ду ҷониба баҳсу барраси шуд.

Муъовини амнияти ва интизомии вазирим кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сарварии ҳайате ба манзури пайгири ва иҷрои тавофуқоти анҷомшуда байни вазоратхонаҳои ду кишвар вориди Душанбе шуда аст.

Дар дидори Раҳимзода бо Мираҳмадӣ таъкид шуд, ки ҳамкориҳои судмани байни вазоратхонаҳои ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон дар чорчуби тавофуқоти ду ва чанд ҷониба беш аз пеш тавсеа ёфта ва дар амри муборизаи муштарак бо чолишҳо ва таҳдидоти замони муосир метавонад муассир тамом шавад.

Ду тараф зимни ин дидор ҳамчунин дар мавриди таҳкими таомулоти муштарак дар заминаи мубориза зидди терроризм, ифротигароӣ ва табодули иттилоъот гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Раҳимзода ва Мираҳмадӣ дар поёни ин дидор бори дигар аз густариши ҳамкориҳо дуҷониба дар заминаҳои мавриди алоқаи мутақобил ибрози ризоят карданд.