Июн 22, 2022 09:56 Asia/Dushanbe
  • Шикояти ҳудуди 3 ҳазор тоҷики дорандаи корти сабзи вуруд ба Амрико

Ҳудуди 3 ҳазор тоҷики дорандаи корти сабзи вуруд ба Амрико аз тӯлонӣ шудани эъломи замони мусоҳиба шикоят доранд.

Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», ин афрод шикоят доранд, ки консулгарии Амрико дар Қазоқистон ва сафорати ин кишвар дар Душанбе замони мусоҳиба бо дорандагони корти сабз (грин кард)-ро бо таъхир эълом мекунад, ки метавонад муҷиби лағви эътибори ин кортҳо шавад.

Охирин муҳлати мусоҳиба бо дорандгони ин кортҳо 30 сентябри имсол ҷорӣ аст.

Аммо мақомоти консулгарии Амрико дар Қазоқистон гуфтаанд, ки ба далели издиҳом ва таъсири бемории Ковид - 19 имкони баррасии ин дархост ва мусоҳиба бо дорандагони корти сабз маҳдуд аст.

Қарор аст ҳазору 978 парвандаи ин афрод дар Қазоқистон баррасӣ шавад.

Манобеи Сафорати Амрико дар Душанбе низ эълом карданд, доштани корти сабз ҳанӯз ба маънии тазмини вуруди афрод ба Амрико нест ва аз 4 октябри соли ҷорӣ пазириш ва мусоҳиба бо онон оғоз хоҳад шуд.

Қарор аст дар сафортхонаи Амрико дар Тоҷикистон парвандаи 2 ҳазору 121 дорандаи корти сабз баррасӣ шавад.

 

Барчасп