Июн 22, 2022 16:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Афғонистон

Мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Афғонистон дар 3 моҳаи нахусти 2022 ба 36.3 миллион доллар расидааст.

Ба далели камбуди нерӯгоҳ ва зерсохтҳо дар бахши энержӣ, бештари барқи масрафии Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя ҳамчун Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ворид мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, гардиши молии Тоҷикистону Афғонистон дар моҳҳои январ - майи соли ҷории милодӣ ҳудуди 36.3 миллион доллар баровард шуда, ки тақрибан 30 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли 2021 аст.

Бинобар додаҳои Ожонси омори Тоҷикистон, ҳудуди 97 дарсад аз кулли ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар 5 моҳи имсол бо арзаи маҳсулоти тоҷикӣ ба Афғонистон муртабит аст.

Умдатарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон барқ аст, ки тақрибан ниме аз мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишварро ташкил медиҳад. Илова бар ин, Тоҷикистон ба Афғонистон семент ва бархе анвоъи маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзиро низ арза мекунад.

Афғонистон дар миёни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти Тоҷикистон рутбаи ҳаштумро дорад