Табиат ва асори таърихии Тоҷикистон мавзӯи наққошии ҳунармандони Ҷумҳурии Озарбойҷон
Июн 25, 2022 10:50 Asia/Dushanbe
Ҳунармандони Ҷумҳурии Озарбойҷон дар наққошиҳои худ табиат ва манозири таърихии Тоҷикистонро ба тасвир кашиданд.
Бо талоши сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон ва бо ҳамкории Иттиҳодияи наққошони Озарбойҷон, намоишгоҳи наққошӣ бо номи “пайвандҳои фарҳангии насл ба насл байни Тоҷикистону Озарбойҷон” ба муносибати ваҳдати миллӣ ва 30-умин солгарди равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд.
Дар намоишгоҳ, ки дар маркази Ҳайдар Алиев баргузор шуд, 70 асари наққошӣ аз манозири табиӣ ва асори таърихии Тоҷикистон дар маърази диди боздидкунандагон қарор гирифтааст.
Барчасп