Июн 25, 2022 18:16 Asia/Dushanbe
  • Ройзанӣ вазири хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи Эрон дар бораи Афғонистон
    Ройзанӣ вазири хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи Эрон дар бораи Афғонистон

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури афғонҳо бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дар хусуси Афғонистон гуфтугӯ кард.

Пас аз гузашти беш аз 10 моҳ аз ба қудрат расидани дубораи Толибон дар Афғонистон ва 2 даҳҳа ишғоли ин кишвар тавассути низомиёни террористии амрикоӣ Афғонистон ҳамчунон даргири мушкилот ва масоили дохилӣ аз ҷумла даргириҳои парокандаи бархе минтақаҳои ин кишвар махсусан Панҷшер аст.

Бо вуҷуди ин ки то кунун ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият нашинохта аст бештари даргириҳо ва мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон бар асари мухолифат бо навъи ҳукуматдорӣ ва сиёсатҳои дохилии ин гуруҳ аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе Ҳасани Козими Қумӣ, ки дар сарварии ҳайате вориди Тоҷикистон шуд бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон дидор ва дар хусуси мавзуъоти Афғонистон ва амнияти минтақа гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Бар асоси ин гузориш Козими Қумӣ ва Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди мубориза бо ифротигароӣ ва терроризми байналмиллалӣ ва дигар мавзуъоти мавриди алоқаи ду тараф низ табодули назар карданд.

 

Барчасп