Июн 26, 2022 16:59 Asia/Dushanbe
  • Таъини сафири ҷадиди Украина дар Тоҷикистон
    Таъини сафири ҷадиди Украина дар Тоҷикистон

Сафири ҷадиди Украина дар Тоҷикистон таъин шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Валдимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина бо имзои фармони Валерий Евдакимовро ба унвони сафир дар Тоҷикистон таъин кард.

Сафири ҷадиди Украина мутавалиди 17 октябри соли 1969 дар шарҳри Ровнаи Украина буд ва хатмкунандаи муассисаи хадамоти марзбонӣ, академяи миллии хадамоти амниятии Украина ва мактаби бозаргонии Киев-муҳило аст.

Евдакимов дар нерӯҳои марзбони, идораи горди давлатӣ ва хадамоти давлатии марзбонӣ кор карда аст, ҳангоми фаъолият дар хадамоти марзбонӣ вай машғул ба таъмини иттилоъоти ин ниҳод буд ва фаъолиятҳои амалиёти ва ҷустуҷуӣ дорад.

Аз сентябри соли 2019 то июни соли 2020 вай раёсати сервиси иттилоъоти хориҷии Украинаро бар уҳда дошта аст.

 

Барчасп