Ҷори шудани сел дар Ворух
(last modified Mon, 27 Jun 2022 11:19:54 GMT )
Июн 27, 2022 16:19 Asia/Dushanbe
  • Ҷори шудани сел дар Ворух
    Ҷори шудани сел дар Ворух

Ҷори шудани сел сабаби хисорат ворид шудан ба теъдоде аз манзилҳои истиқомати дар ноҳияи Ворух шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сел соати 17 рӯзи 26 июн дар деҳаи Ворухи Исфара ҷори шуд.

Зубайдулло Шомадов сухангӯи матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ин хабарро тайид кард, Шомадов гуфт: Хушбахтона ба сокинон осибе нарасида аст.

Вай афзуд: Комиссияи махсус ба ҳисоби кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода барои арзёбии хисоратҳо ба маҳали ҳодиса эъзом шуд.

Ворух дуртарин ҷамоъати ноҳияи Исфара дар вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки аз Исфара 40 километр фосила ва 23.121 нафар ҷамъият дорад.