Кумаки 380 миллион рублии Русия ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Jun 2022 11:58:00 GMT )
Июн 27, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 380 миллион рублии Русия ба Тоҷикистон
    Кумаки 380 миллион рублии Русия ба Тоҷикистон

Русия 380 миллион рубл ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин маблағ барои сохт ва таҷҳизоти мактабҳои муштараки русӣ ва тоҷикистонӣ харҷ хоҳад шуд.

Мактабҳо ҳамзамон бо оғози соли таҳсилии ҷадид дар шаҳрҳои Душнабе, Кулоб, Бохтар, Турсунзода ва Хуҷанд ифтитоҳ мешавад.

Баёнияи пардохти кумаки молии Русия ба Тоҷикистон рӯзи шанбе дар сомонаи расмии иттилоъоти ҳуқуқии Русия мунташир шуд.

Тавофуқномаи байни давлати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди сохт ва таҷҳизоти мактабҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кулоб ва Турсунзода апрели соли 2019 имзо шуд.

Дар ин мактабҳо таълим ба забони русӣ аст ва ҳар мактаб 1200 донишомӯз дорад.