Июн 29, 2022 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати тоҷикистонӣ дар нишасти коршиносони байналмилалӣ дар Туркия

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти коршиносони байналмилалӣ дар Истанбул ширкат кард.

Нишасти коршиносони байналмилалии “Эҷоди шабакаи ҳушдори сареъ дар мубориза бо терроризм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар Истанбули Туркия баргузор шуд.

Дар ин нишаст мутахассисону таҳлилгарони Маркази роҳбурдии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷа ва Вазорати умури дохила дар заминаи мубориза бо терроризм ширкат карданд.

Парвиз Муҳаммадзода, муовини раиси Маркази стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст дар бораи “таҳлили рӯйдодҳои дохилии Афғонистон, амнияти марзӣ, контроли марзҳо ва таҳдидот аз ҷониби Афғонистон ва буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ба унвони таҳдиде барои суботи минтақа” суханронӣ кард.