Таҷҳизи гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон
(last modified Thu, 30 Jun 2022 04:59:28 GMT )
Июн 30, 2022 09:59 Asia/Dushanbe
  • Вай афзӯд: Ба вижа тиҷорати хориҷи бо Узбакистон 21 баробар афзоиш ёфтааст
    Вай афзӯд: Ба вижа тиҷорати хориҷи бо Узбакистон 21 баробар афзоиш ёфтааст

Бонки тавсиаи Осиё, гузаргоҳҳои марзии муҳими Тоҷикистонро таҷҳиз мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ин матолиб дар мулоқоти маҷозии Азими Турсунзода, муовини аввали раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон бо намояндагони Бонки тавсиаи Осиё барраси шуд.

Азими Турсунзода дар ин ҷаласа хотирнишон кард Тоҷикистон бо кишварҳои узви ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ Осиёи Марказӣ раванди мусбате дар тиҷорати хориҷи дорад.

Вай афзӯд: Ба вижа тиҷорати хориҷи бо Узбакистон 21 баробар афзоиш ёфтааст.

Тавофуқномаи тарҳи ҳамкории иқтисодии минтақаӣ Осиёи Марказӣ барои беҳбӯди хадамоти марзӣ бар асоси тавофуқномаи кумаки молӣ байни давлати Тоҷикистон ва Бонки тавсиаи Осиё 24-уми апрели 2013 имзо шуд.

Ҳадафи тарҳ, тасҳили фаолиятҳои ҳамлу нақл ва тиҷорати фаромарзии пешрафта, қобили пешбинӣ, судовар ва мақрун ба сарфа дар кишварҳои узви ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ Осиёи Марказӣ аст.

Бештар бихонед: