Коҳиши 50 дарсадии тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои хуршедии Тоҷикистон
(last modified Sat, 02 Jul 2022 13:14:31 GMT )
Июл 02, 2022 18:14 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 50 дарсадии тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои хуршедии Тоҷикистон
    Коҳиши 50 дарсадии тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои хуршедии Тоҷикистон

Тавлиди барқ аз нерӯгоҳҳои хуршедии Тоҷикистон 50 дарсад коҳишф ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати энергетикаи Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хуршеди дар панҷ моҳаи аввали имсол 2000 килват соат бар тавлид карданд, ки 50дарсади камтар аз соли 2021 аст.

Бар асоси омори бахши энергетикаи Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то кунун 8.4 миллиард киловат соат барқ тавлид шуда аст.

Ҳудуди 7.6 миллиард киловат соати ин аз мизони дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон тавлид шуд.

Ҳамчунин неругоҳҳои ҳароратии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 18.4 дарсад коҳиш дошта аст.

Бар ин асос мизони тавлиди барқ дар неругоҳҳои ҳароратии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 18.4 дарсад коҳиш дошта аст.

Афғонистон ва Узбакистон аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон ҳастанд.

Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали имсол 26.7 миллион доллар аз содироти барқ даромад касб карда аст.