9 июл - рӯзи иди Қурбон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i88176-9_июл_рӯзи_иди_Қурбон_дар_Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, имсол 9 июл дар Тоҷикистон иди Қурбон аст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 06, 2022 13:42 Asia/Dushanbe
  • 9 июл - рӯзи иди Қурбон дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, имсол 9 июл дар Тоҷикистон иди Қурбон аст.

Ба гузориши Шӯрои уламои Тоҷикистон, намози иди Қурбон дар тамоми масоҷид соати 6 иқома мешавад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон изҳор дошт, бар асоси шавоҳиди илмӣ ва натиҷагирии Муассисаи ахтарфизики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 9 июл иди Қурбон аст.

Дар баёнияи расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Шӯрои уламо ба имомхатибон тавсия мекунад, ки дар хутбаҳои худ аз сулҳу субот суҳбат кунанду муъминонро ба кумак ба ятимону солмандон ташвиқ кунанд.