Июл 06, 2022 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Узбакистон барои суботи вазъият дар Қарақолпоқистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоси телефони бо ҳамтои ӯзбеки худ аз иқдомоти вай барои суботи вазъият дар ҷумҳурии худмухтори Қарақолпоқистон ҳимоят кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Миризиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар тамоси телефони бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Сарони ду кишвар масоили муҳим дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон дар партаври тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд дар рӯзҳои 2-3 июни соли ҷорӣ мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин дар хусуси масоили амнияти минтақавӣ ва таъомулоти ду кишвар дар чорчуби созмонҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Зимни гуфтугуи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳимоти худ аз талошҳои раҳбари Узбакистон барои суботи вазъият дар Қарақолпоқистонро эълом кард.