Июл 07, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти рузноманигори боздошт шудаи тоҷик бо ҳамсараш
    Мулоқоти рузноманигори боздошт шудаи тоҷик бо ҳамсараш

Рузноманигори тоҷик дар боздоштгоҳи Кумита давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамсараш мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Asia Plus дидори Абудллоҳ Ғурбати рузноманигори тоҷик 5 июл дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо Муборак Қосим ҳамсараш мулоқот кард.

Полиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 15 июл Абдуллоҳ Ғурбатиро бо истиноди модаи 328 қонуни ҷазо истифода аз хушунат зидди намояндаи давлат боздошт кард.

Муборак Қосим гуфт: Ба у иҷоза доданд то як соат бо ҳамсараш гуфтугӯ кунад.

Ӯ гуфт: Ҳоли Абдуллоҳ хуб аст ва таҳқиқот ба суръат ва ба хуби пурра мешавад ва ӯ ба оғуши хонаводааш боз мегардад.

Муборак афзуд: Мо гуфтугӯи хуби доштем ман муътақидам, ки уро озод хоҳанд кард ишоаллоҳ ҳамаи чиз хуб хоҳад шуд.

Ҳамсари ин рузноманигор изҳор кард: Абдуллоҳ Ғурбати барои дустони худ, расонаҳо ва умуми мардум паём дод ва гуфт моро фаромуш накунанд ин аввалин бор нест ки Абдуллоҳ Ғурбати дар замони анҷоми фаъолиятҳои худ бо мушкилот ру ба ру мешавад.

29 май соли 2020 ҳам дар ноҳияи Хуросон аз сӯи афроди ношинос мавриди зарбу шатм қарор гирифт.