Декабр 01, 2016 11:32 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти полоишгоҳи Данғара дар моҳи марти соли 2017

Замони баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти корхонаи коркарди нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон барои бори сеюм ба таъхир афтод ва акнун ифтитоҳи ин тарҳ , дар моҳи марти соли оянда (2017) барномарезӣ шудааст.

Ба гузориши сойти Авесто, мудирияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки полоишгоҳи нафти Данғара ба унвони нахустин корхона аз ин навъ дар Тоҷикистон мебошад, гуфтааст, ки ба далелҳои молӣ ва фаннӣ роҳандозии ин тарҳ, се бор ба таъвиқ афтод ва акнун қарор шуда, ки дар моҳи марти соли оянда (2017) ба баҳрабардорӣ бирасад.

Бо такмили ин тарҳ Тоҷикистон метавонад, солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

Ширкати чинии тарафи қарордод бо Тоҷикистон барои сохти ин полоишгоҳ, 450 миллион доллар ихтисос дода ва таҷҳизоти мавриди ниёзро аз Олмон ва Италия ворид кардааст.

Қаблан замони роҳандозии ин корхона, моҳи августи имсол (2016) муқаррар шуда буд, ки баъдан эълом шуд, ин тарҳ дар моҳи ноябр ба баҳрабардорӣ хоҳад расид. Акнун мудирияти ин полоишгоҳ замони роҳандозии ин корхонаро баҳори соли 2017 эълом кардааст.

Бар асоси ин гузориш, бурузи мушкилот дар интиқоли эътибори мавриди ниёз барои идомаи сохти полоишгоҳ аз сӯи яке аз бонкҳои Тоҷикистон, сабаби таъхир дар баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти ин тарҳ шудааст.

Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара заминаи тасфия 500 ҳазор тон нафт дар сол, фароҳам хоҳад шуд.