Июл 27, 2016 14:57 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон муассисоти вобаста ба Гуленро таътил намекунад

Раиси сабти иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати додгустарии Тоҷикистон аз идомаи фаъолияти муассисоти вобаста ба Гулен дар ин кишвар хабар додааст ва дар ҳамин ҳол вазири додгустарии Тоҷикистон ҳам гуфта, ки Туркия барои бастани ниҳодҳои вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон ҳеч дархосте ироа накардааст.

Раиси сабти иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати додгустарии Тоҷикистон гуфт: "Фаъолияти муассисоти вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар ин кишвар ба риволи қабл идома дорад".

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Қурбоналӣ Бобоев имрӯз дар нишасти хабарӣ бо ишора ба руйдодҳои ахири Туркия ва бархурди давлати ин кишвар бо ниҳодҳои вобаста ба Гулен гуфт: "Он чӣ дар Туркия рух додааст, ба мо марбут нест ва мо то кунун аз муассисоти вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон ҳеч навъ тахаллуферо мушоҳида накардаем".

Вазири додгустарии Тоҷикистон низ дар ин нишаст гуфт: "Туркия барои бастани ниҳодҳои вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон ҳеч дархосте ироа накардааст".

Рустами Шоҳмурод афзуд: "Аз як соли қабл фаъолияти мадориси туркӣ дар Тоҷикистон, ҳамзамон бо поёни қарордод бо ширкати "Шалола" тағйири шакл ёфтааст ва ин мадорис бо корбурдии ҷадид зери назари Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон идомаи фаъолият медиҳанд".

Ба гуфтаи вазир, муаллимони литсейҳои туркӣ ҳанӯз дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва дар ин мадорис дарс медиҳанд.

Ин изҳори назари масъулони Вазорати додгустарии Тоҷикистон дар ҳолест, ки давлати Туркия ахиран аз бархе кишварҳо хостааст, ки фаъолияти муассисоти омӯзишии марбут ба Гуленро мутаваққиф кунанд.

Дар ҳамин ҳол Озҷин Гултекин, кордори Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ахиран дар мусоҳиба бо хабаргузории "Тоҷнюс" гуфт: "Мо иттилоот ва мадорики лозимро дар бораи наҳваи фаъолият ва хатарҳои муассисоти марбут ба Гуленро дар ихтиёри мақомоти тоҷик қарор хоҳем дод".

 

Барчасп