Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши тиҷории Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши тиҷоратии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Лондон ширкат кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Усмоналӣ Усмонзода, муъовини нахуствазири Тоҷикистон дар нишастҳои Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Лондон ва ҳамчунин дар як сафари корӣ ба Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қарор дошт дар кори ҳамоиши тиҷорӣ бахшида ба 30-солагии ҳамкории Бонк бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кард.
Дар ин конфронс доир ба ҳамкориҳои Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар 30 соли охир ва дурнамои рушди минбаъдаи ин шарикӣ тавзеҳот дода шуд.
Бо таъкид бар он, ки Осиёи Марказӣ дар сиёсати сармоягузории бонк авлавияти хоса дорад, роҳбарияти бонк аз таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо тамоми кишварҳои минтақа ҷонибдорӣ кард.
Дар ин нишаст таъкид шуд, ки Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд маблағгузории тарҳҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энержӣ, обтаъминкунӣ ва нақлиётро идома медиҳад.
Ҳамчунин, мудирони бонкҳо омодагии худро барои афзоиши сармоягузорӣ дар иҷрои тарҳҳои рушди устувор ва энержии сабз, ки дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа саҳми арзанда хоҳанд гузошт, иброз доштанд.
Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд то кунун дар 152 тарҳ дар Тоҷикистон ҳудуди 892 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.