Замони пайвастани дубораи Тоҷикистон ба шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ эълом шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i88488-Замони_пайвастани_дубораи_Тоҷикистон_ба_шабакаи_воҳиди_барқии_Осиёи_Марказӣ_эълом_шуд
Муъовини вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз пайвастани дубораи ин кишвар ба шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 13, 2022 20:07 Asia/Dushanbe
  • Замони пайвастани дубораи Тоҷикистон ба шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ эълом шуд
    Замони пайвастани дубораи Тоҷикистон ба шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ эълом шуд

Муъовини вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз пайвастани дубораи ин кишвар ба шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ҷамшед Шоҳинзода гуфта аст, ки ба эҳтимоли зиёд фаъолияти дубораи Тоҷикистон дар шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ аз охири соли 2022 ё аввали соли 2023 оғоз хоҳад шуд.

  • Ба ин манзур акнун аз шимол ва ҷануби Тоҷикистон содироти барқ ба Узбакистон шуруъ шуда аст.
  • Ҳамчунин сохти нерӯгоҳи барқи обии Ёвон даршимоли Тоҷикистон бо сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон оғоз шуд.
  • Пештар мақомоти Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон барои барқарории дубораи шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ 35 миллион доллар кумак билоиваз ихтисос дода буданд.

Давлати Узбакистон ба раёсати Ислом Каримов, раиси Ҷумҳурии пешинаи ин кишвар дар соли 2009 ба таври якҷониба иқдом ба вайрон кардани хатҳои интиқоли бақри Тоҷикистон ба кишвараш кард, ки сабаби канор зада шудани Душанбе аз шабакаи барқии воҳиди Осиёи Марказӣ шуд.