Июл 14, 2022 10:48 Asia/Dushanbe
  • 548 варзишкор ( 315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвар дар ин мусобиқот ҳузӯр хоҳанд дошт
    548 варзишкор ( 315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвар дар ин мусобиқот ҳузӯр хоҳанд дошт

Ҳашт варзишкори тоҷик дар мусобиқоти Ҷуду "Zagreb 2022 Grand Prix" ширкат мекунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, мусобиқоти Ҷуду "Zagreb 2022 Grand Prix" аз 15 то 17 июл дар  Загреб баргузор мешавад.

548 варзишкор ( 315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвар дар ин мусобиқот ҳузӯр хоҳанд дошт.

Муҳаммадсолеҳ Қуватов дар вазни (60кг), Муҳаммади Муҳаммадзода ( 60кг), Шаҳбоз Саъидаброров (66кг),  Алиҷон Сафаралиев (66кг), Наврӯзи Каримзода ( 73кг), Шодмони Ризоӣ ( 81кг),  Ҷаҳогир Маҷидов ( 90кг), Комроншоҳи Устопириён (90кг) азои тими милии Ҷудуи Тоҷикистон дар ин рақобатҳо ҳастанд. 

Барчасп