Июл 16, 2022 10:32 Asia/Dushanbe
  • Дар сурати ҷазби сармояи хориҷӣ такмили сохти ин ренӯгоҳ дар соли 2033 имконпазир хоҳад буд
    Дар сурати ҷазби сармояи хориҷӣ такмили сохти ин ренӯгоҳ дар соли 2033 имконпазир хоҳад буд

Тоҷикистон барои такмили нерӯгоҳи Роғун 5 миллиард доллар ниёз дорад.

Вазорати энергия ва захоири обии Тоҷикистон эълом кард барои такмили нерӯгоҳи барқи обии Роғун  ниёзманди 5 миллиард доллар сармоя аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, музокира бо ниҳодҳои  молии байналмиллалӣ барои ҷазби манобеъ оғоз шудааст, ки интизор меравад дар соли 2023 заминаи истифода аз кумакҳои хориҷӣ фароҳам шавад.

Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушд ва бозсозии Аврупо ва Бонки Рушди Осиё пешниҳодоти Тоҷикистон дар ин мавридро барраси мекунанд.

Ихтисоси қарз барои идомаи сохти нерӯгоҳ ба абоди фаннӣ, паёмадҳои зист муҳити ва  ёфтани бозори фурӯшҳи барқ бастагӣ хоҳад дошт.

Зарфияти тароҳии нерӯгоҳи барқи обии Роғун воқеъ дар 110 киламетрии шарқи Душанбе 13.1 миллиард киловат соат барқ дар сол аст.

Дар сурати ҷазби сармояи хориҷӣ такмили сохти ин ренӯгоҳ дар соли 2033 имконпазир хоҳад буд.

Барчасп