Тавзеҳоти мақомоти Додситони кулли Тоҷикситон дар бораи боздошти рӯзноманигорон
Кормани аршади Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи делел и боздошти Завқибеки Саидаминӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ду рӯзноманигори мустақили тоҷик тавзеҳ дод.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Шарифи Қурбонзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Завқибеки Саидаминӣ ба итҳоми ҳамкори бо Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон боздошт шуд.
Вай итҳоми Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро сарпечи аз дастуроти кормандони полиси ноҳияи Ваҳдат унвон кард.
Ин дар ҳоле аст, ки ду рӯзноманигори боздошт шуда аз кормандони собиқи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳастанд, ки таи солҳои ахир бо эҷоди саҳифаи шахси дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дар бораи масоъили сиёсии ин кишвар ибрози назар мекарданд.
Шарифи Қурбонзода ҳамчунин далели боздошти Далери Эмомалӣ рӯзноманигори дигари мустақили тоҷикро адами пардохти молиёт аз сӯи вай унвон кард.
Ин мақоми Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард,ки иллати боздошти Абдуллоҳи Ғурбатӣ дигар рӯзноманигори мустақил, муқовимат дар баробари кормандони полис аст.
Ин чаҳор рӯзноманигор дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон боздош шудаанд.
Бештар бихонед: