Июл 16, 2022 11:58 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси ислоҳия ворид шуда ба ин қонун, афроди дорои собиқаи ҷиноӣ аз ҳаққи фаъолият дар масҷид маҳрум гаштанд
    Бар асоси ислоҳия ворид шуда ба ин қонун, афроди дорои собиқаи ҷиноӣ аз ҳаққи фаъолият дар масҷид маҳрум гаштанд

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бо ислоҳи ду қонуни ин кишвар фаъолияти афроди дороӣ собиқаи ҷиноиро дар марокизи омӯзиши ва масоҷид мамнуъ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бо ворид намудани ислоҳияе ба қонуни Тоҷикистон дар бораи маъориф, фаъолияти афроди дороӣ  собиқаи ҷиноӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва донишгоҳҳои ин кишвар мамнуъ шуд.

Намояндагони Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни ин кишвар дар бораи Созмонҳои динӣ ва озодии эътиқод, шароити интисоби имомони масҷид ва ходимони ин марказӣ ибодиро низ мушахас кардаанд.

Бар асоси ислоҳия ворид шуда ба ин қонун, афроди дорои собиқаи ҷиноӣ аз ҳаққи фаъолият дар масҷид ба унвони имом ва ходим маҳрум шуданд.

Дар нишасти Маҷлиси Милли  Тоҷикистон ҳамчунин ба қонунҳои фаолияти гумрук, бахши хусусӣ, марокизи дорӯсозӣ, шилот, ҷамъиятҳои саҳомӣ, бознишастагӣ ва энергия низ ислоҳоте ворид шуд.

Бештар бихонед: 

Барчасп