Январ 09, 2024 11:01 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф дар дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон: Решаи вуқӯъи ҳодисаи террористии Кирмон натиҷаи фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон аст

Раис Маҷлиси шӯроии исломӣ дар дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт: Решаи вуқӯъи ҳодисаи террористии Кирмон-натиҷаи фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон аст,ки ба думболи эҷоди ноамнӣ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Рустами Эмомалӣ-раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки дар сарварии ҳайати баландпояи парлумонӣ вориди Теҳрон шуда буд, субҳи душанбе бо Муҳаммадбоқири Қолибоф,раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

 Раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ дар ин дидор бо ишора ба аҳамияти иртибот миёни парлумони кишварҳои осиёӣ дар сатҳи байналмилалӣ, изҳор кард: Ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳар кадом аз марказҳои тасмимгирӣ барои асаргузорӣ дар масоили сиёсати хориҷӣ, тавсеаи равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ аҳамият дошта, ки ниёзманди иртиботи қавии ду парлумон, гурӯҳҳои дӯстӣ ва парлумонӣ ва ҳамчунин ташкили комиссияи муштарак аст, то битавонад ҳамоҳангиҳои лозим миёни парлумонҳоро барқарор кунад.

 Қолибоф бо баён инки ду миллати Эрон ва Тоҷикистон решаҳои таърихӣ доранд, гуфт: Аз ин рӯ тавсеаи тиҷорат бо авлавияти бахши хусусӣ ва равобити дуҷониба миёни давлатҳо ва ширкатҳо бояд тавсеа ёбд, ки албатта тақвияти мавзӯъи виза ва имконоти ҳамлу нақли заминӣ ва ҳавоииро низ металабад.

 Раиси маҷлиси Эрон бо ишора ба инки тавсеаи равобити тиҷорӣ аз ҷумла ниёзҳои тавсеаи равобити ду кишвар аст, изҳор кард: Ниёзманди сармоягузориҳои мутақобил, ба вежа дар ҳавзаи транзити ҷодае ва рейли бо кишварҳое ҳастем, ки дар ин масир қарор доранд, то битавонем бо осонсозии равобит тиҷорӣ ба тавсеаи иқтисодии матлуб бирасем.

 Қолибоф дар идома изҳор кард: Падидоварандагон ва тавсеадиҳандагони ДИИШ дар минтақа мушаххас аст; ҳамон тавр, ки мушаххас аст, чи гуна бо созмондеҳии ин гурӯҳаки террористӣ дар минтақа муқобила шуд ва дар шароити кунунӣ қатъан ниёзманди ҳамкориҳои густурда барои муқобила бо терроризм ва қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир дар Афғонистон ҳастем.

 Вай дар идома таъкид кард: Ҳукумати феълии Афғонистон бояд ба ин бовар бирасад, ки бидуни мушорикати ҳама гурӯҳҳо, қабоил ва ҷараёноти сиёсии ин кишвар наметавонанд як давлати пойдорро шакл диҳанд; Ин муҳимтарин мавзӯе аст, ки кишварҳои минтақа ба вежа кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошанд.

 Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон: Тавсеаи равобит бо Теҳрон аз авлавитҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст

 Рустами Эмомалӣ гуфт: Дар ибтидо иқдоми террористии ахир дар Кирмонро маҳкум карда ва бо бозмондагони ин ҳодиса амиқона ибрози ҳамдардӣ мекунам ва барои онҳо сабри ҷамил хосторам.

 Вай ҳамчунин бо баёни инки равобити дипломатӣ миёни ду кишвар бояд тақвият шавад, унвон кард: Рушди муносибот ва ҳамкориҳо бо Теҳрон дар авлавияти сиёсати хориҷии мо қарор дошта ва бо ҳамфикрии муштараке, ки бо якдигар дорем дӯрнамои хуберо пеши рӯйи ду кишвар мутасаввир ҳастем.

Рустами Эмомалӣ нақши парлумонҳо дар муносиботи миёни ду кишварро бисёр калидӣ донист ва афзуд: Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба густариши равобит бо Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таваҷҷуҳи вежа дошта ва итминони комил дорем, ки ин сафар ба раванди густариши муносибот ҷони тоза хоҳад бахшид.

 Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон сатҳи равобити Тоҷикистон ва Эронро дар сатҳи хубе тавсиф кард ва гуфт: Дар тӯли 32 сол равобити дипломатӣ миёни ду кишвар тафоҳумномаҳо ва тавофуқномаҳое ба имзо расида, ки уфуқи ҳамкориҳои дуҷонибаро танзим мекунад ва дар ин росто фаъолияти муассире ба вежа байни ду давлат дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва илмӣ вуҷуд дорад.

 Ин мақоми баландпояи тоҷик дар идома зимни ибрози умедворӣ аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар хостори тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаи нафт ва газ бо Эрон шуд ва гуфт: Ҳамчунин ҳавзаи транзит ва ҳамлу нақл аз дигар мавзӯъоте аст, ки Тоҷикистон бар тавсеаи равобит дар хусуси он таъкид дорад.

 Рустами Эмомалӣ бо ишора ба масоиле дар ҳавзаи Афғонистон гуфт: Вазъияти ин кишвар ба унвони ҳамсояи ду кишвар нигаронкунанда аст. Ин вазъият барои табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занону кӯдакон паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт. Тоҷикистон мӯътақид аст бо ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмии кишвар, бояд ҳукумати чандҷониба дар Афғонистон мустақар шавад.

Вай таъкид кард: Лозим аст дар иртиботи доимӣ бошем ва табодули афкор ва иттилооти муназзам миёни дастгоҳҳои марбута барои муқобила бо терроризм ва қочоқ сурат диҳем.

 

  бештар бихонед:

 

Барчасп