Барои аввалин бор; тоҷикҳо дар мусобиқоти роботҳо дар Амрико ширкат карданд
(last modified Sat, 18 May 2024 05:41:43 GMT )
Май 18, 2024 10:41 Asia/Dushanbe
  • Барои аввалин бор; тоҷикҳо дар мусобиқоти роботҳо дар Амрико ширкат карданд

Тоҷикҳо барои аввалин бор дар мусобиқоти байналмилалии қаҳрамонии роботҳо, ки дар Амрико баргузор шуд, ширкат карданд.

Ба гузориши Азия-Плюс, мусобиқоти ҷаҳонии роботҳо( vex) ҳазорон ширкаткунандаро аз саросари ҷаҳон ҷазб мекунад. Тоҷикистон низ имсол бо ду ширкаткунанда Муҳаммад Темуров ва Искандар Зоиров дар ин рақобатҳо ҳузур пайдо кард.

 Ин ҷавонон дар мактаби роботӣ ва барноманависии "Лига роботҳои Тоҷикистон" ба мудирияти Фирӯз Боқиев омӯзиш дидаанд.

 Ин даста тамринот ва шароити лозимро дар Алмаато гузаронд ва ҳаққи худро барои намояндагии Тоҷикистон дар чунин сатҳи боло ба исбот расонд.

Бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи ин мусобиқот дастаи Тоҷикистон аз байни беш аз 700 дастаи ширкаткунанда аз саросари ҷаҳон ба ҷамъи 300 дастаи бартари ҷаҳон роҳ ёфт.