Тарҳи сохти нерӯгоҳи Хуршедӣ бо зарфияти тавлиди 460 мегавот барқ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 16 Jul 2022 07:34:04 GMT )
Июл 16, 2022 12:34 Asia/Dushanbe
  • Вай ишора ба зуб шудани 30 дарсад  аз яхҳои табии Тоҷикистон тайи 50 соли ахир кард
    Вай ишора ба зуб шудани 30 дарсад аз яхҳои табии Тоҷикистон тайи 50 соли ахир кард

Вазири энергии захоири обии Тоҷикистон аз тарҳи сохти чанд нерӯгоҳои Хуршедӣ дар ин кишвар бо зарфияти тавлиди 460 мегавот барқ дар сол хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Далери Ҷӯмъа тайи суханрони дар шастумини нишасти Шӯрои энергии барқи кишварҳои Муштаракулманофеъ дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон эълом кард, ки кишвараш тайи рушди энергиҳои ҷадидпазирро бо ҷидият дунбол мекунад.

Вай ишора ба зуб шудани 30 дарсад  аз яхҳои табии Тоҷикистон тайи 50 соли ахир бар зарӯрати сохти нерӯгоҳҳои Хуршедӣ ва боди дар кишвараш таъкид кард.

Далери Ҷӯмъа гуфт, ки бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи кумаки молии ин ниҳод барои сохти нерӯгоҳҳи  Хуршедӣ дар Тоҷикистон, ки ба унвони бахше аз барнома истифода аз энергиҳои ҷадидпазир ва мутобиқ бо муҳити зист иҷроӣ хоҳад шуд, музокира кардааст.

Баи гуфтаи вай Тоҷикистон низ дар ин маврирд барномаҳое таҳия кардааст, ки тайи 8 соли наздик иҷроӣ хоҳад шуд.

Бештар бихонед: