Июл 17, 2022 11:09 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ду дарсадии қарзи андози ширкатҳо ва корхонаҳо дар Тоҷикстон

Мақомоти Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон аз коҳиши ду дарсадии қарзи андози ширкатҳо ва корхонаҳо дар ин кишвар таи шаш моҳи нахусти соли 2022 хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомот эълом карданд дар ин муддат 11 ширкат ва корхонаи давлатӣ 503 миллион сомонӣ қарзи молиётӣ доранд, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши ду дарсадӣ доштааст .
Бар асоси омор дар садри феҳристи қарздорони калони молиётӣ дар Тоҷикстон номи ширкатҳо ва муасиссоте монанди ширкати давлатии мухобирот ва иртиботот бо 84 миллион сомонӣ қарз , нерӯгоҳи обӣ- барқии Роғун бо 55 миллион сомонӣ, ширкати ТАЛКО бо 22 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтуда 1 бо 245 миллион сомонӣ ва фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд бо 3 миллион сомонӣ қарз мушоҳида мешавад .
Дар Тоҷикистон марказҳое, ки 500 ҳазор сомонӣ қарзи молиётӣ доранд, қарздорони калон ба ҳисоб меоянд .
 

 

Барчасп