Ҳамкории Тоҷикистон бо Туркия дар заминаи истихроҷи тилло
(last modified Mon, 18 Jul 2022 11:55:24 GMT )
Июл 18, 2022 16:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон бо Туркия дар заминаи истихроҷи тилло
    Ҳамкории Тоҷикистон бо Туркия дар заминаи истихроҷи тилло

Сафири Тоҷикистон дар Анқара аз алоқамандии ин кишвар нисбат ба ҳамкори бо Туркия дар заминаи истихроҷи тилло хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, сафири Тоҷикистон дар Анқара аз алоқамандии ин кишвар нисбат ба ҳамкории бо Туркия дар заминаи истихроҷи тилло хабар дод.

Ашраф Гулов ин матлабро зимни мусоҳиа бо нашрияи маҳалии туркӣ Дунё баён дошта аст.

Вай гуфта аст: Тоҷикистон қасд дорад бо Туркия дар заминаи истихроҷи тилло, маводи маъданӣ, коркарди пахта, тавлиди алюминиюм ва дигар заминаҳо сармоягузории муштарак анҷом диҳад.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар ҳудуди 90 ширкати туркӣ ва тоҷикӣ-туркӣ фаъолият мекунад.

Гулов ҳамчунин хотирнишон карда аст, ки бо ширкатҳои туркӣ дар мавриди сохти муштараки корхонаҷот музокирот сурат гирифта аст.

Вай амалкарди созмони ҳамоҳангӣ ва ҳамкории Туркия "Тико" дар Тоҷик истонро, ки ба иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ машғул мебошад, мусбат арзёби карда аст.

Ба гуфтаи Гулов бо ҳимояти Тико дар Тоҷикистон даҳҳо тарҳ бо арзиши ҳудуди 50 миллион доллар иҷро шуда аст.