Таъсири таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бар иқтисоди Тоҷикистон
(last modified Tue, 19 Jul 2022 06:09:17 GMT )
Июл 19, 2022 11:09 Asia/Dushanbe
  • Шералӣ Кабир: Давлат талош мекунад бо Русияву Қазоқистон барои коҳиши аворизи содироти сӯхту гандум ба тавофуқ бирасад
    Шералӣ Кабир: Давлат талош мекунад бо Русияву Қазоқистон барои коҳиши аворизи содироти сӯхту гандум ба тавофуқ бирасад

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба бахши воридоти сӯхт, гандум ва равғани мойеъ таъсири манфӣ гузоштааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Шералӣ Кабир дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, таъсири таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия беш аз ҳама дар бахши воридоти сӯхт, гандум ва равғани мойеъ қобили мушоҳида мебошад. Зеро буҳрони Украина бар раванди воридоти маводи хоми санъатӣ аз Русия барои фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистони ҳам таъсир гузоштааст.

Ба гуфтаи вай, қимати сӯхт, гандум ва равғани мойеъ аз сӯи кишварҳои содиркунанда ба Тоҷикистон ба маротиб афзоиш дода шудааст.

Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар талош мекунад то бо Русияву Қазоқистон барои коҳиши аворизи сордоти сӯхт, гандум ва равғани мойеъ ба тавофуқ бирасад. Ин кор боиси коҳиши қимати ин маҳсулот дар бозори дохилии Тоҷикистон хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: