Норизоияти вазири маорифи Тоҷикистон аз сифати таълим дар мактабҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i88716
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз сифати таълим дар мактабҳо изҳори норозигӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 19, 2022 20:45 Asia/Dushanbe
  • Норизоияти вазири маорифи Тоҷикистон аз сифати таълим дар мактабҳо

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз сифати таълим дар мактабҳо изҳори норозигӣ кард.

Ӯ гуфт ки яке аз сабабҳои ин падида камбуди 3 ҳазору 400 муаллим дар мактабҳо мебошад ва 2 ҳазор муаллим бо тахассуси хеш фаъолият намекунанд.

Саидзода теъдоди муаллимон дар 3 ҳазору 940 мактаби Тоҷикистонро 128 ҳазору 800 нафар эълом кард, ки 80 ҳазору 170 танро хонумҳо ташкил медиҳанд.