Июл 20, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон дар заминаи иртибототи фазоӣ

Мақомоти Қазоқистону Тоҷикистон дар мавриди ироаи хадамоти иртиботи фазоӣ тавофуқнома имзо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маркази иртиботи фазоии вазорати тавсеаи рақамӣ, навоварӣ ва саноъати ҳаво-фазои Қазоқистон ва ширкати « Исател » Тоҷикистон дар мавриди истифода аз зарфияти дастгоҳи фазоии ( моҳвораи иртиботӣ ) « Кazsat - 3 » тавофуқнома имзо карданд .
Бар асоси ин санад аз тариқи ин моҳвораи иртиботӣ барои манотиқи душворгузари Тоҷикистон каналҳои иртиботӣ созмондиҳӣ хоҳад шуд.
Ширкати « Исател » дорои маркази телепорт ва истгоҳи контроли шабакаи мухобиротӣ дар шаҳри Душанбе буда ва имкони дастрасӣ ба интернетро барои органҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусӯсии Тоҷикистон фароҳам мекунад.
Моҳвораи иртиботии ёдшудаи Қазоқистон ба таври комил ниёзҳои ин кишвар ба хадамоти иртиботиро бароварда карда ва ҳамчунин ба Қирғизистон маҳсулоти иртиботи фазоӣ содир мекунад .
Бо имзои тавофуқномаи ҳамкориҳо байни ширкатҳои иртиботии Қазоқистону Тоҷикистон  фурсатҳои ҷадид барои таъомулоти фаъол дар ин заминаи муҳим фароҳам хоҳад шуд .

 

 

Барчасп