Вазъи аломатгузории марзӣ Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя
(last modified Thu, 21 Jul 2022 09:45:15 GMT )
Июл 21, 2022 14:45 Asia/Dushanbe
  • Аммо аз ҳазору 326 километр марзӣ муштарк бо Узбакистон ҳазору 319 километр аломатгузорӣ шудааст
    Аммо аз ҳазору 326 километр марзӣ муштарк бо Узбакистон ҳазору 319 километр аломатгузорӣ шудааст

Раиси кумитаи заминшиносии Тоҷикистон вазъи аломатгузории марзӣ муштарак бо кишварҳои ҳамсояро тавзеҳ дод.

Ба гузориши  Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик,  Ориқ Хоҷазода дар нишасти хабри дар Душанбе гуфт, ки бо Қирғизистон бар сари аломатгузорӣ 520 километр аз марзӣ муштрак 987 калометр, дукишвар тавофуқ шудааст.

Дар соли ҷорӣ низ се давраи музокироти гурӯҳҳои муштарки аломатгузории марзӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд, ки ихтилофи тарафҳо бар сари бархе манотиқи марзӣ   ҳамчунон боқӣ  монд.  Аммо аз ҳазору 326 километр марзӣ муштарк бо Узбакистон ҳазору 319 километр аломатгузорӣ шудааст. Танҳо мушкили аломатгузории 7 километр боқӣ монда марбут ба манотиқе аст, ки дар қаламрави се кишвар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар водии Фарғона қарор дорад.

Раиси кумитаи заминшиносии Тоҷикистон таъкид кард, ки масоили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба таври комил ҳалу фасл шудааст.

Ҳачунин аз 1 ҳазору 374 километр марзӣ муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон 1 ҳазору 1847 километр обӣ мебошад, ки ихтилофе дар ин  маворид вуҷӯд надорад.