Июл 21, 2022 21:03 Asia/Dushanbe
  • Поёни футболи бонувони ҷоми КОФО дар Душанбе
    Поёни футболи бонувони ҷоми КОФО дар Душанбе

Дувумин даври рақобатҳои футболи занони қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ-КОФО-2022 дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ба поён расид.

Дар даври аввали рақобатҳои футболи занони қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2018 тимҳои Узбакистон, Эрон ва Тоҷикистон аввал то севум ҳастанд. Дар футболи заонони ҷоми КОФО тими Узбакистон бо 2 қаҳрамонӣ рекорддор аст ва Эрон бо ду ноибқаҳрамон дар ради дувум қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин бозиҳо 5 тим ба сурати давраи рақобат карданд дар бозиҳои анҷомшуда тими Узбакистон тими Эронро 1 бар сифр шикат дод, тими Эрон пеш аз ин бози бо 1 гол бар тими Қирғизистон, бо 5 гол бар тими Тоҷикистон ва бо 4 гол бар тими Туркманистон ғалаба карда буд.

Дар дигар бози тими Тоҷикистон мағлуби тими Қирғизистон шуд.

Дар поёни ин рақобатҳо тими Узбакистон бо 12 имтиёз қаҳрамон шуд ва тими Эрон бо 9 имтиёз ба мақоми дувум расид, тимҳои Қирғизистон бо 4, туркманистон бо 2 ва Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар радаҳои севум то панҷум қарор гирифтанд.

 

Барчасп