Дидори мақоми тоҷик бо руасои намояндагиҳои дипламатики Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар
(last modified Sat, 23 Jul 2022 05:24:12 GMT )
Июл 23, 2022 10:24 Asia/Dushanbe
  • Шавкати Бобозода хотирнишон кард, баргузории чунин нишастҳо бо руасои намояндагиҳои дипламатик ба мавқеъ аст
    Шавкати Бобозода хотирнишон кард, баргузории чунин нишастҳо бо руасои намояндагиҳои дипламатик ба мавқеъ аст

Раиси Кумитаи содироти Тоҷикистон бо руасои намояндагиҳои дипламатики Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Шавкати Бобозода, раис Кумитаи содироти Тоҷикистон бо руасои намояндагиҳои дипламатики Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дар мавриди зарфиятҳои содироти маҳсулот ба хориҷ аз кишвар ва ҷазби сармоягузорӣ аз тариқи абзорҳои маҷозӣ, дидори ва гуфтугӯ кард.

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ дар ин нишаст ширкат ва натоиҷи шохисҳои аслии ҳаҷми содирот, гардиши молии хориҷиро барраси карданд.

Шавкати Бобозода хотирнишон кард, баргузории чунин нишастҳо бо руасои намояндагиҳои дипламатик ба мавқеъ аст ва мавзӯъоти сомондиҳии фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ, ҳимоят аз бахшҳои содироти иқтисодӣ миллии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар маркази таваҷӯҳи мақомоти Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин нишаст зарфиятҳои содироти маҳсулоти дохилӣ, меҳварҳои аслии  фаъолияти ожонсҳои содирот аз ҷумла иртиқои тавсиаи пойдори ҳаҷм ва кайфияти колоҳои дохилӣ ба хориҷ аз кишвар, афзоиши тавони содиротӣ ва ҷазби харидорони хориҷӣ низ барраси шуд.