Сабаби камбудии сомонӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 23 Jul 2022 13:42:16 GMT )
Июл 23, 2022 18:42 Asia/Dushanbe
  • Сабаби камбудии сомонӣ дар Тоҷикистон
    Сабаби камбудии сомонӣ дар Тоҷикистон

Мудири Амонат Бонки Тоҷикистон камбуди сомонӣ воҳиди пули миллӣ кишварро тавзеҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти хабари дар Душанбе гуфт: Сабаби камбуди сомонӣ дар дастгоҳҳои худпардозҳои кишвар муроҷиъати фаровони сокинон барои ивази доллар ба пули миллӣ аст.

Вай айзуд: Зеро дар даҳ моҳи ахир арзиши доллар дар Тоҷикистон коҳиш ёфт ва ба ҳамин далел сокинони кишвар талош мекунанд, ки супурдаҳо бонкии худро ба сомонӣ табдил кунанд.

Мудири Амонат Бонки Тоҷикистон таъкид кард дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ муъомилот бо воҳиди пули Тоҷикистон дар муқоиса ба давраи мушобеҳ ба соли қабл 2.5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта аст.

Бар асоси гузориши Бонки Миллии Тоҷикистон аз оғози соли 2022 арзиши доллар дар баробари сомонӣ 9 дарсад коҳиш ёфта аст.

Агар дар оғози соли ҷорӣ як доллар баробар бо 11 сомону 30 дирам буд акнун ин шохис ба 10 сомону 30 дирам расида аст.