Июл 25, 2022 09:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи ронандагони мошинҳои шишасиёҳ дар Тоҷикистон

Ронандагони мошинҳои шишасиёҳ дар Тоҷикистон ҷарима мешаванд.

Ба гузориши “Спутник”, бар асоси қонун ронандагони мошинҳои шишасиёҳ то 4500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ин тарҳ дар охирин ҷаласаи Шурои миллии тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи тахаллуфоти идориву ронандагии Тоҷикистон тасвиб шуд.

Бинобар эъломи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар солҳои 2019 - 2021 ва семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 3. 5 ҳазор маврид ронандагӣ бо васоили нақлиёти шишасиёҳи бидуни иҷозатнома шоносоӣ шудааст.

 

Барчасп