Июл 10, 2024 11:40 Asia/Dushanbe

Ширкати чинии “BYD Auto” дар маросиме, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия низ дар он ҳузур дошт, бо вазорати саноат ва фанноварии ин кишвар, қарордоде ба арзиши як миллиарддоллар ба имзо расонд.

Ба гузориши Сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Анкара, бузургтарин ширкати худравсозии барқии Чин хатти тавлиди худро ба зудӣ дар Туркия роҳандозӣ мекунад.

Бар асоси ин қарордод, ширкати чинии “BYD Auto”, корхонае бо зарфияти тавлиди солона 150 ҳазор дастгоҳ худрави барқӣ ва ҳибрид ва ҳамчунин як маркази таҳқиқу тавсеа таъсис хоҳад кард. Тибқи ин қарордод, ширкати “BYD Auto” то поёни соли 2026 тавлиди худрав дар Туркияро оғоз ва дар ин чорчӯб барои 5 ҳазор нафар ба таври мустақим иштиғолзоӣ хоҳад кард.

Ширкати “BYD Auto”, яке аз бузургтарин ширкатҳои тавлиди худрави барқӣ ва батарей дар дунё аст.

 

Барчасп