Июл 25, 2022 09:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши як расонаи Афғонистон ба ҳушдори Тоҷикистон

Хабаргузории ҷумҳурии Афғонистон дар вокуниш ба суханони интиқодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Толибон, танҳо роҳи пешгирӣ аз мудохилоти хориҷӣ дар умури дохилии кишварро ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом донист.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷшанбеи гузашта дар чаҳорумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон гуфта буд, Толибон бар хилофи ваъда, ҳанӯз ҳукумати фарогир ташкил надодаву авзои Афғонистон таъсири номатлубе бар кишварҳои ҳамсоя гузоштааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ пешниҳод карда буд, барои ҷилавгирӣ аз хатари таҳдиди Толибон бояд «як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон» эҷод шавад.

Дар вокуниш ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Хабаргузории Ҷумҳурии Афғонистон эълом кард, танҳо роҳ барои танзими равобити дӯстонаи Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ва низ ҷилавгирӣ аз мудохилоти пайдову пинҳони бархе неруҳои хориҷӣ, таъмини машруияти сиёсии низоми мустақар аз масири ташкили як давлати фарогир бо мушорикати воқеӣ ва маънидори ҳамаи ақвому ақаллиятҳост.

Хабаргузории ҷумҳурии Афғонистон афзуд, суханони интиқодии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паёмадҳои адами ташкили ҳукумати фарогир аз сӯи Толибон дар ҳоле баён мешавад, ки пеш аз ин давлатмардони Толибон муддаӣ шуда буданд, ки мушкили онҳо бо Тоҷикистон ҳал шуда, аммо ин суханон нишон медиҳад, ки ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дораду Тоҷикистон аз он чӣ дар Афғонистон ҷараён дорад, розӣ нест.

 

Барчасп