Июл 25, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, дар пайи буҳрони Украина рушди иқтисодии Тоҷикистон ва мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз русия коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, дар гузориши ахири коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, дар соли ҷорӣ ба далели буҳрони Украина рушди иқтисоди Тоҷикистони 2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ин коршиносон муътақиданд, дар соли ҷорӣ мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия низ 40 дарсад коҳиш меёбад.

Аммо Созмони байналмилалии муҳоҷират бар ин бовар аст, ки дар соли ҷорӣ мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия 22 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.