Ширкати «Тоҷик-Эйр” дар остонаи варшикаст шудан қарор гирифт
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон эълом кард, ки ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик-Эйр” аз тавони пардохти қарзи худ бархӯрдор нест ва дар остонаи варшикаст шудан қарор дорад.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик” гуфта мешавад, ки қарзи ин ширкат 40 миллион доллар мебошад, ки 20 миллион доллари он мутааллиқ ба ширкати “Skyroad Leasing” –и кишвари Литва аст.
Қарзи ширкати ҳавопаймои тоҷикистонӣ бобати иҷораи 2 ҳавопаймо ва адами пардохти суди он ки дар моҳ ба 149 ҳазор доллар мерасад, акнун 20 миллион долларро ташкил мекунад ва Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ ин мавзуъро таъйид кард.
Коршиносон мегӯянд, ки қарзи 40 миллиондолларии ин ширкат шомили пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз Фурудгоҳи Душанбе, қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳо мегардад.
Дар моҳи декабри соли 2018 мавзуи харидории як ҳавопаймои “Бойинг 767” гаронтар аз қимати воқеии он аз сӯи ин ширкат ва санадсозии он мавриди бозрасӣ қарор гирифта буд.