Имкони дарёфти бархати шаҳодати шоҳидон ва ҷабрдидагон дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 27 Jul 2022 03:49:17 GMT )
Июл 27, 2022 08:49 Asia/Dushanbe
  • Имкони дарёфти бархати шаҳодати шоҳидон ва ҷабрдидагон дар Тоҷикистон

Сомонаи расидагӣ ва баррасии бархат(онлайн)и шаҳодати шоҳидон ва ҷабрдидагони муқими хориҷ аз Тоҷикистон роҳандозӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз Форс, ба бозрасони тоҷик ҳақи расидагӣ ва баррасии онлайни шаҳодати шоҳидон ва ҷабрдидагоне, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд бо истифода аз адреси электронӣ ва дигар паёмрасонҳои интерентӣ дода шуд .
Бар асоси гузориши нашрияи порлумонии « Садои Мардум », тағироту ислоҳот ба қонуни ойини додрасии ҷазоии Тоҷикистон дар 15 июли имсол дар ҷараёни ёздаҳумини ҷаласаи Маҷлиси Миллии ин кишвар ироа шуд .
Пешнависи ислоҳот ба ойини додрасии ҷазоии аз сӯйи Дилшоди Раҳмон-раиси Кумитаи Қонуни асосӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳокимияти қонуни Маҷлиси  Миллии ин кишвар эълом шуд.
Вай хотирнишон кард, ки банди 2 ба модаи 197 изофа мешавад, ки бар асоси он дар сурате, ки ҷабрдида ё шоҳид хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта бошад, бозҷӯии вай аз роҳи дур бо истифода аз абзорҳои мухобиротӣ ва почтаи электронӣ имконпазир мешавад .
Бинобар суханони ин мақоми тоҷик бо тавваҷуҳ ба ин тағирот бозрас қодир хоҳад буд бо ҷалби шоҳидоне, ки дар робита бо ҷабрдида ва муҷрим бетараф ҳастанд, бозҷӯӣ аз роҳи дур анҷом диҳад .
Ин тағирот пас аз дастури Рустами Эмомалӣ -раиси Маҷлиси Миллӣ ба додситонӣ дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони ин кишвар ба гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, тазмини амнияти иттилоотӣ, тақвияти контроли ҷароими иртикобӣ тавассути ҷавонон, ба вижа муноқишаҳои гуруҳӣ бо истифода аз корд тасвиб шуданд.
Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон тавваҷуҳи додситони кулли ин кишварро ба афзоиши ҷароими марбут ба фасоди идорӣ  ва бархе додаҳои оморӣ дар бахши кишоварзӣ ҷалб ва ҳамчунин хостори иқдомоти муассир дар заминаи қочоқи инсону маводи мухаддир шуд .
Вай ҳамчунин дастур дод то бо истифода аз шиканҷа алайҳи афроде, ки ба гумони даст задан ба ҷароими хос боздошт шудаанд ва ҳамчунин афроде, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоли гузарондани даврони маҳкумият ҳастанд, поён дода шавад ва аз иқдомоти ғайриқонунӣ дар суфуфи артиши ин кишвар ҷилавгирӣ шавад .