Июл 27, 2022 20:09 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти додситонҳои Русия ва Тоҷикистон
    Мулоқоти додситонҳои Русия ва Тоҷикистон

Додситонҳои Русия ва Тоҷикистон бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Пилюс, Игори Краснов, додситони кулли Русия дар ин дидор аз мушорикат шаҳрвандони бархе аз кишварҳои собиқ Шуравӣ дар ҷанги Украина ибрози нигаронӣ кард.

У истихдоми муздурон ва пахши силоҳ дар Украинаро таҳдиди фавқулода барои киварҳои муштаракулманофеъи кишварҳои мустақил хонд.

Вай таъкид кард барои аз байн бурдани ин таҳдидот кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ва созмонҳои иҷрокунандаи қонун бояд наҳваи ҳамкориро мутобиқ бо муқтазиёти замон муассир кунанд.

Игори Краснов ва Юсуф Раҳмон тафоҳумномаи ҳамкори то соли 2024 ро имзо карданд, ки шомили иқдомоти муштарак барои мубориза бо ҷиноят ва таҳдидҳои монанди терроризм ва ифротигароӣ аст.

Кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ шомили Русия, Беларусия, Узбакистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Малдавия аст.