Камбуди пизишк ва парастор дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i89132-Камбуди_пизишк_ва_парастор_дар_Тоҷикистон
Вазири тандурӯстии Тоҷикистон аз камбуди пизишк ва парастор дар марокизи дармонии кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 28, 2022 08:27 Asia/Dushanbe
  •  Фақат тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 674 пизишк ва ҳазору 350 парастор аз Тоҷикистон ба хориҷ муҳоҷират кардаанд, ки бештари онҳо барои кор ба Русия рафтаанд
    Фақат тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 674 пизишк ва ҳазору 350 парастор аз Тоҷикистон ба хориҷ муҳоҷират кардаанд, ки бештари онҳо барои кор ба Русия рафтаанд

Вазири тандурӯстии Тоҷикистон аз камбуди пизишк ва парастор дар марокизи дармонии кишвар хабар дод.

 Вазири  тандурӯстии Тоҷикистон гуфт: Марокизи дармонии кишвар ба ду ҳазору 960 пизишк ва ҳазору 340 парастор ниёзманд аст.

Ба гузориши Садои Хуросн ба нақл аз сомонаи ТоҷВик,  Ҷамолиддини Абдуллоҳзода афзӯд: Фақат тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 674 пизишк ва ҳазору 350 парастор аз Тоҷикистон ба хориҷ муҳоҷират кардаанд, ки бештари онҳо барои кор ба Русия рафтаанд.

Вай далели муҳоҷирати  кордармон аз Тоҷикистонро барномаи ҷазби мутахасисон аз сӯйи кишварҳои хориҷӣ унвон кард, ки имтиёзоти зиёде ба ин афрод дода  мешавад.

Вазири тандурустии Тоҷикистон ибрози умедвори кард, ки бо  фориғуттаҳсил шудани  ду ҳазор пизишк донишҷу ва  се ҳазору 500 донишҷуи парасторӣ дар соли ҷорӣ камбуди кордармонӣ ҷуброн мешавад.