Июл 28, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Хисорати 15 миллион сомонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар паи вуқуъи ҳаводиси табиӣ

Ҳаводиси табиӣ 15 миллион сомонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон осеб ворид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар соли ҷорӣ 606 ҳодисаи табиӣ ва инсонӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 36 мавриди он хисорат ба иқтисоди миллӣ ворид кардааст .
Рустам Назарзода-раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон афзуд : 8 шаҳрванд бар асари ҳаводиси табиӣ ҷон бохтанд.
Вай идома дод бар асоси омор 22 нафар бар асари сел, 2 нафар бар асари резиши тарма, 2 нафар бар асари бархӯрди санг ва 2 нафар бар асари раъду барқ ҷони худро аз даст доданд .
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон изҳор кард бар асари ҳаводиси табиӣ 88 манзили маскунӣ, 179 таъсисоти саноъатӣ, 2 мактаб, 17 даҳанаи пул, 107 гектар замини зери кишт ва 298 километр ҷода осеб дид.
 

 

Барчасп