Раиси БМТ: Эътимоди мардум ба бонкҳо рӯ ба афзоиш аст
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон иддао кард, ки сарфи назар аз мушкилоти молии бархе бонкҳои тиҷорӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии ин кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси ин ниҳод дар ҷаласаи ахири парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳаҷми амонатҳои гузошташуда дар бонкҳои ин кишвар дар қиёс ба соли гузашта 13 дарсад ва ё 1.1 миллиард сомонӣ афзудааст.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, бархе бонкҳои тиҷорӣ ҷалби анмонатҳои мардумро дар соли ҷорӣ ҳатто то 20 дарсад афзоиш додаанд.
Ҳамзамон раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бонкҳои ин кишвар ба маблағи 7.1 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки нисбати давраи мушобеҳи соли гузашта ба маблағи 3.4 миллиард сомонӣ ва ё 32.2 дарсад кам аст.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни посух ба суоли вакилони парлумон таъкид кард, ки асароти манфии буҳрони молии ҷаҳонӣ ва мудирияти номувафақ, аз иллатҳои аслии ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шудани чаҳор бонки тиҷорӣ дар ин кишвар аст.
Ҳамзамон раиси Бонки миллии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки дар оянади наздик вазъи молӣ ва пардохтпазирии бонкҳои ба мушкилот мувоҷеҳшуда, мисли “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” беҳтар хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки “Тоҷиксодиротбонк”-ро феълан мудирияти муваққатӣ идора мекунад ва ҳамчунин давлат барои кӯмак ба “Агроинвестбонк” сармоя ҷудо кардааст. Ахиран муштариён аз нотавонии ин бонкҳо дар пардохти маошу дастмуздҳояшон ва мушкилоти марбут ба дарёфти пули нақд изҳори нигаронӣ карда буданд.