Иртиботи мустақими дарёфти шаҳрвандии Русия ва афзоиши талоқ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 31 Jul 2022 04:58:58 GMT )
Июл 31, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Иртиботи мустақими дарёфти шаҳрвандии Русия ва афзоиши талоқ дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дарёфти шаҳрвандии Русияро яке аз омилҳои афзоиши омори талоқ унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдуллоҳи Раҳмонзода гуфт : Теъдоде аз ҷавонони тоҷик барои дарёфти шаҳрвандии Русия ҳамсарони худ дар Тоҷикистонро талоқ медиҳанд.
Вай бар зарурати пайдо кардани роҳкоре барои ҷилавгирӣ аз фурупошии хонаводаҳои ҷавонони тоҷик дар пайи дарёфти шаҳрвандии Русия таъкид кард .
Гуфта мешавад таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 тоҷик шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд .
Аз сӯи дигар Вазорати адлияи Тоҷикистон низ эълом кард таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 7 ҳазору 265 маврид талоқ дар кишвар ба қайд гирифта шуда ки, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 12 дарсад бештар аст.