Сохти доруи муқобила бо корона дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 31 Jul 2022 08:12:47 GMT )
Июл 31, 2022 13:12 Asia/Dushanbe
  • Сохти доруи муқобила бо корона дар Тоҷикистон

Раиси Академияи миллии улуми Тоҷикистон аз сохти доруе барои муқобила бо корона бо талоши мутахассисони ин кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фарҳод Раҳимӣаиси Академияи миллии улуми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар мавриди бархе дастовардҳои донишмандони ин кишвар суҳбат кард .
Бинобар суханони вай донишмандони тоҷик доруеро барои муқобила бо вируси ҳамагир сохтаанд, ки пас аз дарёфти ҳақи сабти ихтироъ ҷузъиёти он ба умуми мардум итиилоърасонӣ хоҳад шуд.
Раҳимӣ афзуд : Дар ҳоли ҳозир танҳо метавон гуфт, ки таркиби ин дору шомили гиёҳи « ҷуворимаккаи хӯшаӣ » аст ва он дараҷаи ҳарорати баданро коҳиш ва дармони роҳҳои нафасро осон мекунад .
Вай ҳамчунин гуфт : Дар нимаи аввали соли 2022 ، донишмандони тоҷик дар 111 мавзӯ ، аз ҷумла дар заминаи риёзиёт,физика, оптика,электроникии

квантомӣ, эминии ҳастаӣ ва ташаъшуъӣ таҳқиқот анҷом додаанд .
Раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханони худ эълом кард, ки дар рӯзҳои 26 - 28 сентябри соли 2022 донишмандон, намояндагони академияҳои улӯми кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Маскав гирди ҳам меоянд, то дар мавриди мушкили камбуди кормандони илмӣ ва соири масоили мубрами илмӣ баҳсу гуфтугӯ кунанд .