Август 01, 2022 10:03 Asia/Dushanbe
  • Вуруди вазири умури хориҷаи Чин ба Душанбе

Вазири умури хориҷаи Чин барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар,” Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе мавриди истиқболи Фарҳод Салим, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон қарор гирифт.

Интизор меравад, вай дар ин сифар бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва Сироҷддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Дар ин мулоқот роҷеъ ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар заминаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷорӣ, ҳамлунақл, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва фарҳангӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай, авзои Афғонистон ва минтақа баррасӣ мешавад.

 

Барчасп